Дар вилояти Хатлон зиёда аз 26 кг маводи нашъаовар мусодира гардид

0
1080

Ҳафтаи сипаригашта кормандони Агентии назорати маводи нашаъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар натиҷаи гузаронидани ду амалиёт аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 26 кг маводи нашъаоварро мусодира намуданд.
Кормандони Агентӣ иттилооти оперативӣ дастрас намуданд, ки сокини 49-солаи ноҳияи М.С.Ҳамадонӣ, ҷамоати деҳоти Панҷруд, деҳаи Сафедоб ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар даст дорад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди деҳаи Чордараи поёни ҷамоати деҳоти Тугараки н. Восеъ, марди номбурда, ки савораи асп буд, дастгир карда шуд. Ҳангоми дастгиркунӣ номбурда ба кормандони оперативӣ муқобилият нишон дода, мехост аз ҷои ҳодиса бо аспи худ фирор намояд.
Дар рафти азназаргузаронии хурҷини асп аз дохили он 2 адад халта бо 25 адад бастаҳо ёфта гирифта шуд.
Ташхиси экспертиза нишон дод, ки маводи мусодирагардида маводи нашъаовари навъи ҳашиш буда, вазни умумии он 25 кг 095 граммро ташкил медиҳад.
Инчунин аз ҷониби кормандони Агентӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон сокини 40-солаи маҳаллӣ дастгир карда шуд. Ҳангоми азназаргузаронии пакети полиэтиленӣ, ки ба дастгиршуда таллуқ дошт, як адад баста бо маводи хамирамонанди бӯйи махсус дошта дарёфт ва мусодира карда шуд.
Тибқи хулосаи экспертиза судӣ маводи мусодирашуда афюн буда, вазнаш 944,8 граммро ташкил дод.
Ҳамин тариқ, зимни баргузории ин ду амалиёт аз нашъаҷаллобон 26 кг 039 грамм маводи нашъаовар мусодира гардид.
Аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Агентӣ аз рӯи ду ҳодисаи мазкур парвандаҳои ҷиноӣ аз рӯи аломатҳои ҷиноятҳое, ки бо моддаи 200 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, оғоз гардидаанд ва тафтишот давом дорад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД