Дар вилояти Хатлон маводи нашъаовар ва туфангча мусодира гардид.

0
1059

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон маълумоти оперативӣ гирифтанд, ки сокини 52-солаи ноҳияи Бохтар бо тахаллуси “Шерчангол”, ки соли 2000 аз рӯи якчанд моддаҳои Кодекси ҷиноятии ҶТ бо қарори суди вилояти Хатлон ба мӯҳлати 15 сол маҳкум шуда буд ва аз маҳбасхона озод шуд, ба таври ғайриқонунӣ соҳиби силоҳи оташфишон гардид. Ҳангоми дастгир намудан аз ӯ як адад туфангчаи системаи Макаров бо як тирдонаш дарёфт гардид.

Тибқи хулосаи экспертизаи баллистикии РВКД вилояти Хатлон, туфангча дар ҳолати коршоям мебошад.Илова бар он ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ халтаи селофанӣ бо маводи қаҳваранг, инчунин ҳашиш ошкор ва мусодира гардид.

Баъдан кормандони оперативӣ ба ноҳияи Бохтар рафтанд. Ҳангоми кофтукови ҳаматарафа дар хонаи дастгиршуда, аз дохили бухории барқӣ боз як халта бо чунин мавод ошкор гардид.

Тавре мутахассисони Шуъбаи Экспертизаи судии РАНМН дар вилояти Хатлон муайян намуданд, маводи мусодирашуда афюн буда, вазни он қариб ним килограмм мебошад.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД