Дар вилояти Хатлон чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи мубориза бар зидди маводи нашъаовар баргузор гардиданд

0
1129

Дар арафаи рӯзи мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Бохтар ва Вахши Вилояти Хатлон чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ ва варзишӣ бо иштироки раисони шаҳру ноҳияҳо, намояндагони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон гузаронида шуданд.

Дар чорабиниҳо расмҳои беҳтарин, маҳсулоти ҳунарҳои дастии кӯдакон намоиш дода шуданд. Мусобиқаҳои дастпарварони мактабҳои варзишӣ ташкил карда шуд.

Дар рафти чорабинҳо ғолибони озмунҳои расм ва иншои беҳтарин, мусобиқаҳои варзишӣ бо тӯҳфаҳои Раёсати Агентӣ қадр карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД