Дар вилояти Хатлон семинари омӯзишӣ барои таҳлилгарон баргузор гардид

0
1602

Аз тарафи Шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон дар чорчӯбаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” аз 11 апрел то 14 апрели соли ҷорӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид.


Дар кори семинари мазкур намояндагони раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ ва шӯъбаи Агентӣ дар шаҳри Кӯлоб даъват шуда буданд.

Семинари мазкурро сардори Раёсати АНМН дар вилояти Хатлон М. Хайруллозода кушода, омодагии кормандони Раёсатро дар ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар соҳаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар изҳор дошт. Ӯ инчунин қайд намуд, ки баргузории чунин семинарҳо дар баланд бардоштани малакаи касбӣ ва тахассусии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат менамояд.

Иштирокчиёни семинар изҳор доштанд, ки мақсад аз баргузории семинар – ин расонидани кӯмаки амалӣ ба сохторҳои таҳлилӣ дар омода намудани ҳисоботҳо, мубодилаи иттилооти оперативӣ дар байни сохторҳои мутобиқ дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад.

Дар рафти семинар видеороликҳо ва слайдҳо намоиш дода шуда, инчунин мубодилаи таҷриба дар самти мазкур баргузор гардид.

Чанде қабл чунин семинар дар Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД