Чорабиниҳои зиддинашъамандӣ дар вилояти Хатлон давом доранд

0
1161

Дар ҳошияи Рӯзи байналхалқии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он, ки шурӯъ аз соли 1987 бо қарори СММ санаи 26 июн муқаррар шудааст, бо ташаббуси Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру навоҳии вилоят чорабиниҳои фарогири зиддинашъамандӣ бо ҷалби табақаҳои мухталифи аҳолӣ баргузор карда мешаванд.

Моҳи июни соли ҷорӣ дар ҳамдастӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Ҷ. Румӣ, А.Ҷомӣ, Фархор, Қумсангир, Панҷ, Хуросон, Н.Хисрав, Шаҳритус ва Қабодиён, шаҳрҳои Кӯлобу Сарбанд чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишӣ таҳти шиорҳои «Нашъамандӣ – заволи умр», «Зиндагӣ бе маводи нашъаовар фараҳафзост», «Мо толиби ҳаёти солим», «Ҷавонон ояндасози давлату миллат» доир гардиданд. Чорабиниҳо бо сурудҳои дилнишини ҳофизони шинохта, баромадҳои дастаҳои варзишгарон дар навъҳои мухталифи варзиш ва барномаи рақсӣ хотирмон сурат гирифтанд.

Ғолибони чорабиниҳо бо тӯҳфаҳо ва ифтихорномаҳои Раёсати Агентӣ сарфароз гардонида шуданд.

Рафти чорабиниҳо аз тарафи “Шабакаи якум” ва “Ҷаҳоннамо”, ТВ-Хатлон ба навор гирифта шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД