Дар рафти амалиёт дар Афғонистон 32 кг героин мусодира гардид

0
1191

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ маълумоти оперативӣ гирифтанд, ки сокини вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо интиқоли воситаҳои нашъадор аз Афғонистон ба Тоҷикистон машғул мебошад. Дар ин бора ба Вазорати корҳои дохилии Афғонистон хабар равон карда шуд.

Полиси мудирияти маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Афғонистон қарор намуд, ки дар ҳудуди деҳаи Обараки улусволии Аргуи вилояти Бадахшон чорабинии оперативӣ гузаронад.

Ҳангоми ҳангоми гузаронидани чорабинӣ аз манзили истиқоматии шаҳрванд зиёда аз 32 кг маводи нашъаовари героин дарёфт ва мусодира гардид.

Айни ҳол соҳиби героин ба ҳабс гирифта шуда, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Чорабиниҳои оперативӣ барои муайян ва дастгир намудани аъзоёни боқимондаи гурӯҳи ҷинояткор, ки бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул буданд, идома доранд.

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи амалиёти муштараки ҷузъу томҳои зиддимухаддиротии ҶТ ва ҶИА фаъолияти боз як гурӯҳи чинояткор дар қаламрави Афғонистон қатъ гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД