Дар рафти амалиёт дар Афғонистон лаборатория оид ба истеҳсоли героин нобуд карда шуд

0
1284

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ маълумоти оперативӣ гирифтанд, ки сокини 40-солаи вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон лабораторияи пинҳониро барои истеҳсоли героин ташкил намуда, ба хариду фурӯш ва интиқоли воситаҳои нашъадор аз Афғонистон ба Тоҷикистон, инчунин ба Ҷумҳурии Исломии Покистон машғул мебошад. Дар ин бора ба Вазорати корҳои дохилии Афғонистон хабар равон карда шуд.

Полиси Вазорати корҳои дохилии Афғонистон қарор намуд, ки барои нобуд сохтани лабораторияи пинҳонӣ дар ҳудуди қарияи Озумгули вилояти Бадахшон амалиёт гузаронад.

Дар рафти амалиёт соҳиби лаборатория ва ҳаммаслаки ӯ аз тарафи кормандони полис дастгир карда шуданд.

Ҳангоми азназаргузаронии ҷои амалиёт лабораторияи пинҳонӣ ошкор гардид, ки дар он ҷо 135 кг маводи нашъаовари афюн, 31 литр кислотаи хлориди аммоний, таҷҳизоти махсус барои коркарди афюн мавҷуд буд. Ҳамин тариқ, дар натиҷаи амалиёти муштараки ҷузъу томҳои зиддимухаддиротии ҶТ ва ҶИА фаъолияти боз як гурӯҳи чинояткор дар қаламрави Афғонистон қатъ гардид.

Айни ҳол аз тарафи кормандони полиси Афғонистон чорабиниҳои оперативӣ барои муайян ва дастгир намудани аъзоёни боқимондаи гурӯҳи ҷинояткор, ки бо истеҳсоли героин машғул буданд, идома доранд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД