Дар Хоруғ ошпази тарабхона бо маводи нашъаовар дастгир гардид

0
1341

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ ошпази тарабхонаи шаҳрро дар гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир намуданд ва ба бинои Раёсати Агентӣ оварданд. Дар ҳузури одамони холис аз кисаи шимаш се қуттичаи пластикӣ дарёфт гардид, ки дар дохили он героин ва афюн мавҷуд буд. Айни ҳол сарчашмаи пайдо намудани маводи нашъаовар муайян гардида истодааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст. Дастгиршуда ба ТНМ-и Раёсат ворид карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД