Дар шаҳри Хуҷанд ду шаҳрванд бо маводи нашъаовар дастгир гардиданд

0
1424

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд сокини ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дастгир намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ як адад бастаи селофанӣ ёфт ва мусодира гардид, ки он дар дохили ғилофи айнак пинҳон карда шуда буд.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамиштирокчии ҷинояти мазкур – сокини 40-солаи ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муайян ва дастгир гардид. Тавре тафтишот муайян намуд, маводи нашъаовар аз ӯ харидорӣ карда шуда буд. Айни замон чораҳои зарурӣ барои муайян ва дастгир намудани аъзоёни боқимондаи гурӯҳ ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани онҳо андешида шудаанд. Ҳоло тафтишот муайян намуда истодааст, ки ба кӣ ва кадом тариқ аъзоёни гурӯҳи ҷинояткор маводи нашъаоварро фурӯхтанӣ буданд.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Гурӯҳи тафтишотии Раёсати Агентӣ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қ.2 КҶ ҶТ (“Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори начандон калон”) оғоз гардидааст.

Боздоштшуда ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД