Дар шаҳри Хуҷанд маводи нашъаовар мусодира гардид

0
1377

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд маълумоти оперативӣ гирифтанд, ки сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамоати Ёва бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул мебошад.

Дар рафти коркарди маълумоти оперативӣ 30 апрел гумонбаршуда дастгир гардид. Ҳангоми азанзаргузарони шахсӣ кормандони оперативии Агентӣ аз кисаи куртка ва шимаш 7 дона баста бо маводи чоркунҷашакли бӯи махсус дошта ошкор ва мусодира намуданд.

Мувофиқи хулосаи Шуъбаи ташхиси криминалистӣ маводи мусодирашуда ба маводи нашъаовари навъи гашиш мансуб мебошад

Тавре тафтишоти пешакӣ нишон дод, дастгиршуда ният дошт маводи нашъаоварро дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд паҳн намояд. Ҳоло тафтишот сарчашмаи ба даст овардани гашиш ва ҳамиштирокчиёни ҷинояти мазкурро муайян намуда истодааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Гурӯҳи тафтишотии Раёсати Агентӣ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қ.2 КҶ ҶТ (“Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори начандон калон”) оғоз гардидааст.

Боздоштшуда ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД