Дар шаҳри Хуҷанд маводи нашъаовар мусодира гардид

0
1315

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дастгир намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ як адад бастаи

селофанӣ ёфт ва мусодира гардид, ки дар дохили он маводи рангаш сиёҳтоб мавҷуд буд.

Мувофиқи хулосаи Шуъбаи ташхиси криминалистии РВКД ҶТ дар вилояти Суғд маводи мусодирашуда ба маводи нашъаовари навъи афюн мансуб мебошад

Тавре тафтишоти пешакӣ нишон дод, дастгиршуда ният дошт маводи нашъаоварро дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд паҳн намояд.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Гурӯҳи тафтишотии Раёсати Агентӣ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қ.2 КҶ ҶТ (“Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори начандон калон”) оғоз гардидааст.

Боздоштшуда ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД