Дар шаҳри Чкалов вохӯрӣ бо мактаббачагон доир гардид

0
1197
K

Дар Гимназияҳои №1,2 ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №4 ва 11-и шаҳри Чкалов дар ҳузури васеи омӯзгорону хонандагон ва волидони хонандагони мактаби мазкур кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вохӯрии маърифатӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯриӣ ҳамчунин масъули шӯъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов ширкат варзид.

Намояндаи Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд доир ба иқдому ташаббусоте, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар самти муқовимат бо гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои рӯҳтаъсир ва прекурсорҳои онҳо ва пешгирии нашъамандӣ пиёда карда мешаванд, ҳарф зада, тазаккур дод, ки ҳар фарди солимандешро мебояд бо дарки баланди ҳисси масъулиятшиносӣ ва меҳанпарастӣ дар таъмини фазои амну осоиши кишвар саҳм гирад.

Дар вохӯрӣ хосатан рӯи масоили тарбияи ҳадафмандонаи насли ҷавону наврас таваққуф шуда, зикр гардид, ки маҳз ҷавонони солиму оқибатандеш чун нерӯи пешбари ҷомеа дар оянда давлату миллати хешро саробонӣ хоҳанд кард.

Зимни ҷамъомад ҳамчунин таъкид шуд, ки қабл аз ҳама омилҳои даст задани ҷавонону наврасон ба кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ҷалб шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон мамнӯъ ва сӯиистеъмоли ғайритиббии маводи нашъаоварро аз поин будани тарбияи хонаводагӣ ва беназоратии волидон суроғ кард.

Дар баробари ин ба ҳозирин доир ба нишона ва оқибатҳои тиббии бемории нашъамандӣ, Вируси норасоии масунияти одам ва шеваҳои сироят ба он, аз ҷумла тариқи нашъамандии тазриқӣ ва масъулияти ҷиноии содиркунандагони ҷиноёти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар маълумоти муфассал ироа карда шуд.

Маъмурияти дабистон аз иқдоми Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд бобати доир намудани ин қабил вохӯриҳои судовар сидқан пазироӣ намуда, изҳори омодагӣ кард, ки минбаъд низ вохӯриву сӯҳбатҳои маърифатӣ ва чорабиниҳои варзишӣ-фароғатиро бо мӯҳтавои зиддинашъамандӣ баргузор хоҳанд кард.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД