Дар ноҳияи Шаҳринав чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ баргузор гардиданд

0
1084

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 26 июн – Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар боғи марказии фарҳангии ноҳияи Шаҳринав чорабинишои зиддинашъамандӣ таҳти шиори “Нест бод нашъамандӣ!”, “Зиндагӣ – бе маводи нашъаовар”, “Ҷонибдори тарзи ҳаёти солим мебошем”, саҳначаҳои зиддинашъамандӣ, мусобиқаҳои варзишӣ баргузор намуданд. Қобили тазаккур аст, ки мақсади ин чорабиниҳо ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, дарёфти варзишгарони ҷавон барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ мебошад.

Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 60 нафар варзишгарони ҷавони ноҳия ширкат варзида аз тарафи Агентӣ ва бо тӯфаҳои хотирмон сарфароз гардонида шудаанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД