Дар қароргоҳи Раёсати СММ дар шаҳри Вена намоишгоҳ-муаррифиномаи “Вазъи шарҳи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташкил гардид

0
1363

9 марти соли 2015 дар Маркази байналмилалии Вена дар рӯзи якуми сессияи Ҳаштуми Комиссия оид ба воситаҳои нашъадор (CND) аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ намоишгоҳи “Вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014” ва “Тадқиқоти лоиҳавии оқибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ аз истеъмоли маводи нашъаовар барои истеъмолгарони воситаҳои нашъадор ва аъзоёни оилаи онҳо дар шаҳри Душанбе” гузаронида шуд.

Ин чорабинӣ бо дастгирии лоиҳаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ “Мониторинги савдои афюни афғонӣ” ташкил карда шуд.

Дар намоишгоҳи Агентӣ инчунин шаклҳои электронии ҳисоботҳои нашрӣ, тақвимҳо бо суратҳои кӯдакона дар бораи зарари маводи нашъаовар, маҳсулот бо нишонаҳои Агентӣ пешкаш карда шуданд. Дар рафти намоишгоҳ инчунин видеоролик дар бораи вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Бо намоишгоҳи Агентӣ инчунин коршиносон ва кормандони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, намояндагони миссияҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар кори сессия иштирок намуданд, шинос гардиданд. Ба онҳо маводҳо тақсим карда шуданд.

Ба ҳамаи саволҳои меҳмонон – иштирокчиёни CND аз тарафи кормандони Агентӣ ва Сафорати ҶТ ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.

dДар кори СND ва гузаронидани намоишгоҳ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Исматулло Насреддинов иштирок намуд.

Худи ҳамон рӯз дар толори ҳамсоя муаррифии идораҳои зиддимухаддиротии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломиии Эрон ва Индонезия баргузор гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД