Чорабинии зиддинашъамандӣ дар ш. Душанбе

0
1576

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи ҳамкории дуҷониба дар якҷоягӣ бо кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории силсилавохӯриҳоро дар як қатор муасиссаҳои таълимии Вазорати мазкур баргузор намуда истодаанд, ки чунин як вохӯрӣ имрӯз дар байни донишҷӯён ва омӯзгорони Колеҷи муҳандисию омӯзгории ш. Душанбе баргузор гардид.


Дар вохӯрии мазкур мутахассисон оид ба муҳтавои Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурати ворид кардани тағиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз хатари паҳншавии нашъамандӣ, нашъаҷалоббӣ, оқибати хатарноки истеъмоли маводҳои мухаддир ва ҷалб намудани ҷавонон аз тарафи бархе аз душманони миллат ва ифротгаро оид ба шомил шудани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав эҳтиёт бошанд суханронӣ намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ баромадкунандагон қайд намуданд, ки тағиру иловаҳо ба Конститутсия барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад.

Дар рафти вохӯриҳо аз тарафи донишҷӯён ба мутахасиссон саволҳо оид ба мавзӯъҳои дар болозикр гардида, фикру дархости онҳо оид ба пешгирии ҷавонон аз амалҳои номатлуб пешниҳод карда шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки кормандони Агентӣ баргузории чорабиниҳои мазкурро дар дигар муасиссаҳои таълимӣ ва муасиссаҳои давлатии Вазорати дар боло зикр гардида, инчунин дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ба нақша гирифтаанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД