Дар Шимкент шаҳрванди Кирғизистон барои хариду фурӯши героин дастгир гардид

0
1368

Полиси Шимкент шаҳрванди 28-солаи Кирғизистонро ҳамчун гумонбар дар хариду фурӯши героин дастгир намуд. Ҳамзамон ду нафар ҳаммаслакони ӯ – сокинони вилояти Ҷамбул дастгир гардиданд. Аз дастгиршудагон зиёда аз 5,5 килограмм героин боздошт гардид, хабар дод NUR.KZ бо истинод ба хадамоти матбуотии Департаменти корҳои дохилии вилояти ҷанубии Казоқистон.

Шаҳрванди 28-солаи Кирғизистон дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Шимкент бо гумони даст доштан дар хариду фурӯши маводи нашъаовар дастгир гардид.

Аз ӯ се баста бо маводи ордмонанд дарёфт гардид. Экспертизаи судӣ-криминалистӣ муайян намуд, ки маводи дастгиргардида героин буда, вазни умумии он зиёда аз 5,5 килограммро ташкил медиҳад.

“Ғайр аз ин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативии минбаъда кормандони полис ду нафар ҳаммаслакон – истиқоматкунандагони вилояти Ҷамбулро, 1965 ва 1988 солҳои таваллудашон, ҳамчун гумонбар дастгир намуданд”,-хабар дода шуд аз хадамоти матбуот.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 297 КҶ ҶҚ “Истеҳсоли ғайриқонунӣ, коркард, харид, нигоҳдорӣ, интиқол бо мақсади фурӯш, ирсол ё ин ки хариду фурӯши маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ, шабеҳи он” оғоз гардидааст.

Айни замон тамоми чорабиниҳои лозимии тафтишотӣ гузаронида мешаванд. Гумонбаршудагон ба ҳабс гирифта шудаанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД