Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар кори сессияи 59-уми Комиссия оид ба воситаҳои нашъадори (CND) Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ

0
1591

Ҳамасола дар қароргоҳи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар моҳи март сессияи Комиссия оид ба воситаҳои нашъадор (CND) дар шаҳри Вена баргузор мегардад, ки дар кори он масъалаҳои соҳаи назорати маводи нашъаовар муҳокима мегарданд.

Имсол сессияи 59-ум аз 14 то 22 март баргузор мегардад ва масъалаҳоро дар арафаи Сессияи махсуси Ассамблеяи генералии СММ оид ба масоили маводи нашъаовар (UNGASS), ки дар шаҳри Ню-Йорк аз 19 то 26 апрел баргузор хоҳад гардид, муҳокима менамояд.

Дар чорчӯбаи сессияи мазкур гузаронидани 74 чорабинии махсус дар мавзӯи мухталиф дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар байни 1,5 ҳазор иштирокчиёни сессияи 59-ум Тоҷикистон дар ҳайати кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Сафорати ҶТ дар Ҷумҳурии Австрия ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешкаш гардид. Ҳайатро Директори Агентӣ генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода роҳбарӣ намуд.

Дар рӯзи якуми ҷаласаи Комиссия – 14 март Директори Агентӣ дар байни иштирокчиён баромад намуда, даъват намуд, ки ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани солҳои 2016-2020 “Панҷсолаи чораҳои глобалӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим” дастгирӣ карда шавад ва пешниҳод намуд, ки ин ташаббус дар Сессияи махсуси Ассамблеяи генералии СММ оид ба масоили маводи нашъаовар дида баромада шавад. Инчунин Директори Агентӣ дар бораи натиҷаҳои таҳияи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” иттилоот дод.

Дар нимаи дуюми рӯз вохӯрии Директори Агентӣ Ш.Салимзода бо Муовини Котиби Генералии СММ, Директори Иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Ю.Федотов баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ ва таҳияи лоиҳаҳо ва барномаҳои зиддимухаддиротии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон муҳокима гардиданд. Ҷаноби Федотов таҳияи бомуваффақияти лоиҳаи Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон – марҳилаи II»-ро қайд намуд, ки аз соли 1999 амалӣ шуда истодааст ва 31 декабри соли 2016 ба итмом мерасад. Дар рафти муҳокима тарафҳо дар бораи тамдид намудани лоиҳаи мазкур то охири соли 2019 мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Худи ҳамон рӯз Директори Агентӣ бо Вазири мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон Саломат Азимӣ ва муовини Вазири корҳои дохилии Афғонистон Боз Муҳаммад Аҳмадӣ, Директори Маркази минтақавии иттилоотии ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (ММҲИОМ) Жунусов Б. вохӯрии дуҷониба гузаронид.

Инчунин 14 март дар чорчӯбаи кори сессияи 59-уми Комиссия оид ба воситаҳои нашъадор Директори Агентӣ “Шарҳи вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015”-ро муаррифӣ намуд.

Дар муаррифӣ намояндагони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои мухталиф, коршиносон ва кормандони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, инчунин намояндагони миссияҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд, ки ба онҳо маводҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

Ба ҳамаи саволҳои иштирокчиёни муаррифинома Директори Агентӣ Ш. Салимзода ҷавоби пурра дод.

Муаррифии “Шарҳ” бо дастгирии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар чорчӯбаи Барномаи минтақавии “Барои “Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя” ва лоиҳаи “Мониторинги савдои афюни афғонӣ” ташкил карда шуд.

Дар кори сессияи 59-ум, вохӯриҳои дуҷониба ва гузаронидани муаррифӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Исматулло Насреддинов иштирок намуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД