ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ДУҶОНИБА

0
106

Бо мақсади тақвият ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва судманд ташрифи ҳайати расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии ин кишвар Ҷунушалиев Кашкар Астаканович санаи 29 ноябри соли 2018 ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Дар рафти ин ташриф мулоқоти дикректори Агентӣ бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон ҷиҳати баррасии ҳолати ҳамкориҳои тарафҳо дар самти назорати маводи нашъаовар баргузор гардида, дар анҷоми мулоқот Созишнома байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳоро ба имзо расонида мешавад.

ШРҶ-и Ситод

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД