ДАР АГЕНТӢ ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ МАРҲИЛАИ ЯКУМИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВИИ “КУКНОР-2018” БАРГУЗОР ГАРДИД

0
276

21 сентябри соли ҷорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи ҷамъбастии марҳилаи якуми Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти “Кӯкнор-2018” баргузор гардид.

Дар кори ҷаласаи мазкур ҳисоботи сардори Шуъбаи оперативӣ-ҷустуҷӯии Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд ва сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон оид ба ташкили гуруҳҳои корӣ, дуруст ба роҳ мондани кор дар ин самт ва ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор, баргузории чорабиниҳои маҷмӯии таблиғотӣ-пешгирикунанда дар байни аҳолӣ шунида шуд.

Дар ҷаласа намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохтоҳои қудратӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуда дар кори он масъалаҳоро оид ба рафти амалиёти “Кӯкнор-2018” ва ҳамкории вазорату идораҳои дахлдорро дар амалиёти мазкур баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин диққати ҳозирин ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва ҷоннок намудани фаъолият дар ин самт ҷалб карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД