Дар Агентӣ ҷаласаи 34-уми Гурӯҳи кории байналмилалӣ оид ба тадбиқи лоиҳаи TD/TAJ/H03 лоиҳаи “Агентии назорати маводи нашъаовар дар Тоҷикистон – Марҳилаи II” баргузор гардид

0
472

20 сентябри соли 2018 ҷаласаи сиючоруми Гурӯҳи кории байналмилалӣ оид ба татбиқи лоиҳаи TD/TAJ/H03 “Агентии назорати маводи нашъаовар дар Тоҷикистон – Марҳилаи II” дар бинои Агентии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Директори Агентӣ ва сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори Агентӣ, намояндагони Шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (INL) Маъмурияти мубориза бо маводи нашъаовар дар Тоҷикистон (DEA) ва Шуъбаи ҳамкориҳои низомии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Дафтари намояндагии минтақавии Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон, Намояндагони Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе иштирок намуданд.

Пеш аз баррасии масъалаҳои Рӯзнома ҳозирин бо вазъи маводи нашъаовар дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи сипаригардидаи соли ҷорӣ шинос карда шуданд. Ҳамчунин ахборот оид ба мақсаднок истифода гардидани грантҳои ҷудошуда дар нимсолаи аввали соли 2018 ба иштирокчиён манзур гардид.

Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои чорабиниҳои алоқаманд ба маблағгузории воҳидҳои Агентӣ барои нимсолаи дуюми соли 2018 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар охир иштирокчиёни ҷаласа аз китобхонаи навтаъсиси Агентӣ дидан намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД