Дар пойтахт нашъаҷаллобон бо миқдори калони маводи нашъаовар боздошт гардиданд

0
612

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёт кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар шаҳри Душанбе нашъаҷаллобонро бо миқдори калони маводи нашъаовар боздошт намуданд.

Дар рафти амалиёт дар канори пойтахт автомашинаи “Опел-Вектра” таҳти идораи сокини шаҳри Кӯлоб боздошт гардид. Дар дохили автомашина ҷинояткорони эҳтимолӣ қарор доштанд.

Ҳангоми кофтукови автомашина дар бордони он 2 халтаи биринҷ дарёфт гардид, ки дар дохили он бастаҳои скотпеч пинҳон карда шуда буданд.

Тавре мутахассисони Шуъбаи экспертизаи судӣ муайян намуданд, дар дохили халтаҳо героин бо вазни 9 кг ва гашиш бо вазни 18 кг мавҷуд буд. Вазни умумии бор 27 килограммро ташкил менамояд.

Ҳангоми гузаронидани амалҳои тафтишотӣ муайян гардид, ки ронандаи автомашина бо ҳаммаслаки худ – сокини ноҳияи Панҷ аз сокини вулусволии Имом-Соҳиби вилояти Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маводи нашъаоварро харидорӣ намуданд ва ният доштанд онро ба вилояти Суғд, баъдан ба қаламрави Федератсияи Россия интиқол диҳанд, аммо сари вақт аз тарафи кормандони Агентӣ боздошт гардиданд.

Айни ҳол чораҳои зарурӣ барои муайян ва боздошт намудани аъзоёни боқимондаи гурӯҳ, ки интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаоварро ба роҳ монда буданд, андешида шуданд.

Нисбати ин ҳодиса аз рӯи моддаи 200 қ. 4 – “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Автомашинаи боркаши «Xingchang» ва «Опел-Вектра» айни ҳол ҳабс гардидаанд.

Боздоштшудагон ҳоло ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд.

Масъалаи боздошти шаҳрванди Афғонистон ҳоло бо намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳал шуда истодааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ