Дар Қирғизистон вохӯрии зиддимухаддиротӣ баргузор гардид

0
563

18 феврали соли 2015 дар шаҳри Оши Қирғизистон дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи Технологӣ вохӯрии ҳайати устодон ва донишҷӯёни мактаби олӣ бо кормандони Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар мавзӯи: “Муқовимат бо нашъамандӣ ва ВНМО” баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ инчунин намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар иштирок намуданд.

Дар вохӯрӣ видеороликҳои иттилоотӣ-пешгирикунанда ва слайдҳо дар мавзӯи зиддимухаддиротӣ намоиш дода шуданд.

Дар рафти вохӯрӣ муовини раиси ХДНМН назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон Анорбоев Г.С. дар бораи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар, чорабиниҳои мухталифи пешгирикунанда иттилоот дод.

Инчунин сухан ба намояндагони АНМН назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ХФНММН Россия дода шуд, ки дар он оид ба ҳамкориҳои судманд байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Россия дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар иттилоот дода шуд. Намояндаи АНМН назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимов С. ба донишҷӯён дар бораи ташаббусҳои зиддимухаддиротии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи он, ки бо ташаббуси АНМН назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2013-2014 чорабиниҳои байналмилалии зиддимухаддиротӣ бо ҷалби сокинони ноҳияҳои наздисарҳадии Қирғизистон гузаронида шуданд, нақл намуд.

Дар вохӯрӣ 400 нафар иштирок намуданд. Гузаронидани чунин вохӯриҳо дар дигар минтақаҳои ҷануби Қирғизистон низ дар назар аст.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади ташкили самараноки муқовимат бо қочоқи маводи нашъаовар ва ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак дар Қирғизистон намояндаи АНМН назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ош амал менамояд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ