Дастгиршавии нашъаҷалоб бо 2кг героин

0
166

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон аз ҷониби  кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Фархори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон як аъзои фаъоли гурӯҳи ҷиноятӣ, ки бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул буд дастгир гардид.

Дастгиргардида сокини 36 солаи ш.Кулоб Мадиев Холаҳмад Мараимович буда, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурда  бастаҳои бо маводи зардчатоби бӯи махсусдошта дарёфт ва гирифта шуд.

Тавре Шуъбаи экспертизаи судии Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон муайян намуд, маводи дарёфтгардида навъи “героин” буда, вазни он 1 кг 984,4 граммро ташкил дод.

Тафтишот муайян намуд, ки шаҳрванд Мадиев Х.М. пеш 2 маротиба барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ба миқдори калон ва махсусан калон ба ҷавобгари ҷиноятӣ кашида шуда бошад ҳам, аз ин ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, боз даст ба содир намудани чунин ҷиноят задааст.

Аз рӯи ин ҳодиса аз ҷониби Шуъбаи тафтишотии Агентӣ нисбати Мадиев Х.М. бо моддаи 200 қисми 4 банҳои “а”, “д”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти  пешакӣ  барои муайян намудани дигар ҳамиштирокчиёни ҷинояти мазкур идома дорад.

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД