Вохӯрии дуҷониба дар шаҳри Оши Қирғизистон

0
1110

21 ноябри соли 2017 дар шаҳри Оши Ҷумҳурии Қирғизистон бо дастгирии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ вохӯрии кории намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Директор Самад Зафар ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон таҳти роҳбарии муовини вазир Абдикаров Д.С. баргузор гардид.
Инчунин дар вохӯрӣ роҳбари Дафтари барномавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон Федулов А.В. иштирок намуд.
Мақсади асосии вохӯрӣ – таҳким бахшидан ба ҳамкории байниидоравӣ оид ба масъалаҳои муқовимат ба ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ мебошад.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳои якҷоя оид ба масъалаҳои ошкор, коркард ва пешгирии интиқоли маводи нашъаовар, қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ташкил намудани чорабиниҳои муштарак дар самти пешгирии нашъамандӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, амалӣ намудани мубодилаи иттилооти оперативӣ нисбати гурӯҳҳои муташаккил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин дар рафти вохӯрии корӣ масъалаи ба имзо расидани Созишнома байни ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон ва АНМН назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонуниии воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо муҳокима гардиданд.
Дар хотима Протоколи вохӯрӣ аз ҷониби Муовини якуми Директори Агентии назорати маводи нашъаорвари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расид.

DSC_1160 DSC_1186

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД