Вохӯрии дуҷониба дар шаҳри Хуҷанд

0
1359

Бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон 5 феврал дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии кории ҳайати Агентӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Директор Самад З.Т ва ҳайати Хадамот таҳти роҳбарии муовини якуми Раис Қодирқулов И. баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамоҳанг сохтани кӯшишҳои муштарак ҷиҳати ошкор, коркард ва қатъ намудани роҳҳои интиқоли маводи нашъаовар, фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили фаромиллӣ, ташкил намудани чорабиниҳои муштарак дар соҳаи пешгирии нашъамандӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, таҳлил намудани сифати иҷроиши нақшаи ҳамкорӣ байни Агентӣ ва Хадамот дар соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо баррасӣ гардиданд.

Тарафҳо ба қарор омаданд, ки гурӯҳҳои муштараки оперативӣ оид ба коркарди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ созмон дода шаванд.

Дар анҷом Протоколи вохӯрӣ ба имзо расид.

5022016sugd1

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД