ҲАЙАТИ ПАРЛУМОНИ АВРУПО АЗ МАРКАЗИ ТАЪЛИМӢ ВА МАРКАЗИ КИНОЛОГӢ ДИДАН НАМУД

0
1200

5 ноябр аъзои ҳайати Парлумони Аврупо бо раҳбарии Ивета Григуле, ки ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, аз Маркази таълимӣ ва Маркази кинологиии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дидан намуданд.

Ба меҳмонон иттило дода шуд, ки дар моҳи июни соли 2012 бо дастгирии Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба мусоидат ба идоракунии сарҳад дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) Маркази таълимӣ таъсис дода шуд, ки дар он дар ин муддат зиёда аз 200 корманди ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки мутахассисони кинологи Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таълим гирифтанд.

Қайд гардид, ки созмон додани Маркази таълимӣ барои омода намудани кинологҳо, парвариш ва омода сохтани сагҳои хизматӣ барои ошкор намудани маводи нашъаовар дар оянда барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии кормандони Агентӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва идораҳои ҳаммонанди Афғонистон мусоидат хоҳад намуд.

Айни ҳол дар Маркази таълимӣ курсҳои омӯзишӣ барои кормандони Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, ВКД ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ гузашта истодаанд.

Ба меҳмонон баромади сагҳои хизматӣ оид ба кофтуков ва ошкор намудани маводи нашъаовар дар махфигоҳи шартӣ намоиш дода шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД