Кӯдакони Тоҷикистон зидди маводи нашъаовар

0
1373

26 июн дар Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъовар ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бо дастгирии Шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи Сафорати ШМА дар Тоҷикистон (INL) озмуни расмҳои кӯдаконро зери шиори “Барои тарзи ҳаёти солим” баргузор намуданд.

Дар озмун талабагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Душанбе ва кӯдакон аз муассисаҳои томактабӣ иштирок намуданд. Кӯдакон бо кӯмаки рангҳо ва мӯқалам таассуроти худро дар қоғаз ифода намуда, дар муддати як соат зиёда аз панҷоҳ расмро дар мавзӯи зиддимухаддиротӣ эҷод намуданд.

Аъзои ҳакамон расмҳои рассомони ҷавонро аз назар гузаронида, ғолибонро бо тӯҳфаҳои қимматнок қадр намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД