Директори Агентӣ дар кори конфронси Москва иштирок намуд

0
1322

23 апрели соли 2015 года таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи Давлатии зиддимухаддиротӣ, Директори Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати маводи нашъаовар Виктор Иванов конфронси Дуюми вазирони зиддимухаддиротӣ “Таъсири маводи нашъаовар ба амнияти глобалӣ ва рушди устувор” баргузор гардид.

Муовини Котиби Генералии СММ – Директори Иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов сухани табрикотии Котиби генералии СММ Пан Ги Мунро дар конфронс қироат намуд.

Дар кори конфронс намояндагони 63 кишвар ва 7 созмони байналмилалӣ, аз қабили СҲШ, СААД ва БРИКС иштирок намуданд.

Дар чорчӯбаи конфронс масъалаҳои мубрами мубориза бар зидди густариши истеҳсоли героин дар Афғонистон ва паҳншавии он мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Инчунин, диққати асосӣ ба фаъол гардонидани мубориза бар зидди истеҳсоли маводи нашъаовар бо мақсади ба эътидол овардани вазъияти иҷтимоӣ-сиёсӣ дар мамлакатҳое, ки ба интиқоли трансмиллии маводи нашъаовар ҷалб гардиданд, равона карда шуд.

Дар кори конфронс Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Р. Назарзода иштирок ва баромад намуд. Ӯ дар баромади худ қайд намуд, ки Тоҷикистон доимо ба таҳким ва рушди ҳамкории байналмилалӣ диққати махсус медиҳад ва мунтазам бо ташаббусҳо, ки ба амалҳои муштараки ҳамоҳангкунандаи кишварҳои дахлдор ва созмонҳои бонуфузи баналмилалӣ равона гардидаанд, баромад мекунад.

Қайд гардид, ки Тоҷикистон дар маркази истеҳсолкунандагони маводи нашъаовар ва кишварҳои истеъмолкунанда қарор дорад ва бинобар ин вазнинии асосии мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро бар дӯш дорад ва сипари асосӣ дар роҳи интиқоли он мебошад. Директори Агентӣ қайд намуд, ки солҳои охир фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпешаи байналмилалӣ ҷоннок гашта, хислати трансмиллӣ гирифтааст. Ин инчунин аз он вобаста аст, ки дар Афғонистон дар панҷ соли охир зиёд шудани майдони кишти кӯкнор ба назар мерасад.

Ҷиҳати муборизаи пурсамар бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, роҳбари Агентӣ пешниҳод намуд, ки механизми мубодилаи иттилоот бо мақсади бурдани назорат аз болои ҷойивазкунии пешвоён ва иштирокчиёни фаъоли гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша дар қаламрави кишварҳои минтақа ба роҳ монда шавад.

Р. Назарзода нақши муттаҳидкунанда ва ҳамоҳангкунандаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткориро дар масъалаҳои ташкил намудани ҳамкорӣ дар самти назорати муомилоти маводи нашъаовар махсусан қайд намуд.

Роҳбари Агентӣ бори дигар хотиррасон намуд, ки 27 майи соли ҷорӣ дар Душанбе конфронси минтақавӣ дар сатҳи баланд доир ба мушкилоти хатарҳои маводи нашъаовар бо иштироки ҳамаи кишварҳои дахлдор ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор мегардад, ки дар он масъалаҳои вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар минтақа мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт. Ӯ иштирокчиёни конфронси Москваро барои иштирок дар конфронси мазкур даъват намуд, ва қайд намуд, ки ин конфронс яке аз марҳилаҳо оид ба омодагӣ ба гузаронидани Сессияи Ассамблеяи Генералии СММ оид ба мушкилоти маводи нашъаовар дар соли 2016 хоҳад буд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД