Комиссияи Иттиҳоди Аврупо аз Маркази таълимии Агентӣ дидан намуданд

0
1235

Кори Комиссияи Иттиҳоди Аврупо аз 30 ноябр то 04 декабри соли 2015 дар Тоҷикистон давом ёфта, дар ин муддат бо мақсади санҷиши муҳиммият, самаранокӣ, таъсир ва устувории кӯмакҳои ИА дар муддати солҳои 2007-2014, инчунин барои муайян намудани ҳамкориҳои минбаъда ба ҳамаи вазоратҳо, идораҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ ташриф меорад. Санҷиши мазкур аз ҷониби ИА ва ширкати олмонӣ “Particip GmbH”, ки аз 6 нафар мушовирон иборат мебошад, гузаронида мешавад.

1 декабр Комиссияи Аврупо бо мақсади санҷиши муҳим будани кӯмакҳои ҷониби ИА ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи минтақавӣ ба Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Маркази кинологӣ, ки бо дастгирии Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба мусоидат ба идоракунии сарҳад дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) таъсис дода шудааст, ташриф оварданд.

Қайд гардид, ки созмон додани Маркази таълимӣ барои омода намудани кинологҳо, парвариш ва омода сохтани сагҳои хизматӣ барои ошкор намудани маводи нашъаовар дар оянда барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии кормандони Агентӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва идораҳои ҳаммонанди Афғонистон мусоидат хоҳад намуд.

Ба меҳмонон баромади намоишии сагҳои хизматӣ оид ба кофтуков ва ошкор намудани маводи нашъаовар дар махфигоҳи шартӣ пешниҳод карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД