Сокинони вилояти Суғд бо маводи нашъаовар дастгир гардиданд

0
1300

Аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ шаҳрванди 24-солаи муваққатан бекор дастгир карда шуд. Дар натиҷаи кофтукови шахсӣ аз у маводи ҷигарии бӯйи махсус дошта дарёфт ва мусодира карда шуд.

Мувофиқи маълумотномаи ташхисӣ маводи мусодирашуда, воситаи нашъаовари навъи “ҳашиш“ буда, вазнаш қариб 6 килограммро ташкил дод.

Инчунин рӯзи якшанбе ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативӣ аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд шаҳрванди 43-сола – истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд бо як адад бастаи селофанӣ бо маводи фишурдашудаи рангаш ҷигарии бӯйи махсус дошта дастгир гардид.

Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки дастгиршуда пеш барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар суд шуда будааст, аммо ба озодӣ баромада, боз даст ба ҷиноят задааст.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои иловагӣ ҳаммаслаки ӯ – сокини шаҳри Хуҷанд дастгир гардид, ки маводи нашъаоварро дар ҳудуди шаҳр паҳн менамуд.

Оиди ҳар ду ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 200 КҶ ҶТ оғоз шуда, гумонбаршудагон ба ТНМ-и Раёсати Агентӣ ворид карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД