Омӯзиши мутахассисони хориҷӣ анҷом ёфт

0
1169

Дар Донишкадаи ҳуқуқии Сибири Хадамоти Федеролӣ оид ба назорати маводи нашъаовари Россия омӯзиши мутахассисони идораҳои зиддимухадиротии давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хотима ёфт.

Дар давоми ду ҳафта кормандони сохторҳои қудратӣ аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон дар доираи барномаи тасдиқшудаи такмили ихтисос бо таҷрибадорони Россия оид ба мубориза бо ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар шиносоӣ шуданд. Кормандони донишкада бо ҳамкасбони хориҷиашон дар соҳаи муқовимат бар зидди хатари паҳншавии маводи нашъаовар мубодилаи таҷриба намуданд.

Дар рафти омӯзиш мутахассисони хориҷӣ бо курсантҳо ва донишҷӯёни донишкада вохӯрда, ба афсарони оянда гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ва суолҳои вобаста ба ҳалли проблемаҳои ҷойдошта дар давлатҳои мухталифро муҳокима намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД