Курси такмили ихтисоси кинологҳо ба итмом расид

0
1524

Дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои даҳрӯзаи такмили ихтисоси кинологҳои Агентӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расид.


Иштирокчиён дар курси мазкур малакаи назариявӣ ва таҷрибавии ром намудани сагҳо, қоидаҳои асосии нигоҳ доштан ва хӯрондани сагҳо, риояи талаботи бехатарӣ ҳангоми ром кардани сагҳои хизматӣ, омӯзонидани саги хизматӣ бо истифодаи лавозимоти махсус барои ромкунӣ, мустаҳкам намудан ва тақвият бахшидан ба рефлекси саги хизматӣ барои дарёфти маводи нашъаовар ва машқҳои гуногунро омухтанд. Инчунин, дарсҳои назариявӣ ва амалӣ дар самти дарёфти 5 намуди маводи нашъаовар бо истифода аз сагҳои хизматӣ гузаронида шуд.

Иштирокчиёни курс изҳор намуданд, ки ташкил ва гузаронидани чунин курсҳо барои мутахассисон кинологҳо, ки бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мубориза мебаранд, хеле муфид мебошад.

Дар хотима дар назди ҳозирин кинологҳо бо сагҳои хизмати малакаҳои гирифтаашонро нишон доданд.

Ба хатмкунандагони курси омӯзишӣ сертификатҳо супорида шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД