Курси омӯзишӣ барои кормандони воҳидҳои таъиноти махсуси АНМН ва ВКД ба анҷом расид

0
1851

22 апрел дар Меҳмонхонаи “HYATT”-и ш. Душанбе маросими супоридани сертификатҳо ба иштирокчиёни курси омӯзишӣ барои кормандони воҳидҳои таъиноти махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Вазорати корҳои дохилии ҶТ баргузор гардид.


Курси омӯзишии мазкур бо дастгирии Сафорати ИМА дар ҶТ ташкил гардида, зиёда аз якуним моҳ давом ёфт. Мутахассисони Департаменти давлатии ИМА оид ба истифода аз асбоби махсуси алоқаи радиоии HARRIS 5800M-MP бо шунавандагон дарсҳои назариявӣ ва амалӣ гузарониданд.

Мақсад аз курси омӯзишии мазкур ин омӯзондан ва баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони воҳидҳои таъиноти махсус аз маълумотҳои радиошунавоии бехатар, таъмир ва тарзи истифодаи техникаи радиошунавоӣ мебошад.

Дар маросими супоридани сертификатҳо намояндагони АНМН, ВКД ва Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тҷикистон иштирок намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД