Ду нафар бо гумони даст доштан ба маводи нашъаовар дастгир гардиданд

0
1266

27 ноябри соли 2015 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ зани 26-солаи истиқоматкунандаи ш. Душанбе ҳамчун гумонбар ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дастгир гардид.

Ҳангоми азназаргузаронӣ аз номбурда як селофан мусодира гардид, ки дар дохилаш 20 адад бастача бо маводи нашъадори навъи “ҳашиш” мавҷуд буд.

Худи ҳамон рӯз кормандони РАНМН дар вилояти Хатлон дар ҳудуди ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон сокини 41-солаи ноҳияи мазкурро ҳамчун гумонбар ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дастгир намуданд.

Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурда 8 адад пакети селофанӣ бо воситаи нашъадор дарёфт гардид.

Тибқи маълумоти ташхиси экспертизаи судии Агентӣ маводи мусодирашуда  навъи “афюн” мебошад.

Тавре тафтишоти пешакӣ нишон дод, дастгиршуда пеш аз ин бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар аз озодӣ маҳрум гардидааст, аммо пас аз адо намудани ҷазо боз даст ба ҷиноят задааст.

Айни ҳол нисбати ҳодисаҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД