Ёрдамчии ҷамъиятии депутати Жогорку Кенеш (парламент) бо маводи нашъаовар дастгир гардид

0
1414

Ёрдамчии ҷамъиятии депутати Жогорку Кенеши (парламент) Қирғизистон бо маводи нашъаовар дастгир гардид, хабар медиҳад Хадамоти давлатӣ оид ба назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Қирғизистон.

Тибқи хабари идора, 16 октябр дар Бишкек А. В., соли таваллудаш 1983дастгир гардид. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ бастаи полиэтиленӣ бо маводи гашиш, ки вазни холисаш 281 граммро ташкил мекард, боздошт ва мусодира гардид.

Шаҳрванди мазкур автомашинаи хизматии депутати Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистонро идора мекард. Аз рӯи ҳодисаи мазкур худи ҳамон рӯз, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии минбаъда шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон С. Т., соли таваллудаш 1968, зодаи вилояти Иссиқ – Кул, ки аз ӯ ёрдамчии депутат маводи нашъаоварро ба даст оварда буд, дастгир гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД