ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ ДАР АГЕНТӢ

0
953

    19 декабри соли 2017 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид, ки дар кори он муовинони раиси Шӯро – Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни Шӯро аз ҳисоби роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, намояндагони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Шаҳринав ва Рӯдакӣ иштирок намуданд.
Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва “Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ барои солҳои 2013-2017” мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.
Дар ҷаласа муовини сардори Ситоди Агентӣ баромад намуда, ба ҳозирин оид ба натиҷаҳои санҷиши фаъолияти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар самти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” маълумот дод.
Ҳамчунин аз ҷониби директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М. Ғуломов” оид ба ҷамъбасти татбиқи “Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ барои солҳои 2013-2017” ба иштирокчиёни ҷаласа ахборот пешниҳод гардид.
Сипас ҳисоботи раисони шӯроҳои ҳамоҳангсозии шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав оид ба татбиқи ҷараёни Стратегия ва Барнома, инчунин бартараф кардани камбудиҳо ва норасоиҳои дар фаъолияташон ҷойдошта, шунида шуд.
Ҳамзамон Нақшаи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор барои соли 2018 баррасӣ ва тасдиқ гардид.
Дар хотимаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД