ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ ДАР АГЕНТӢ

0
2271

10022017-210 феврали соли 2017 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ таҳти раисии Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Азим Иброҳим ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид, ки дар кори он муовинони раиси Шӯро – Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, аъзоёни Шӯро – роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, намояндагони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Роғун, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Варзоб, Рӯдакӣ ва Файзобод иштирок намуданд.

10022017-3Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва “Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ барои солҳои 2013-2017” мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.

Аз рӯи ин масъала муовини Директори Агентӣ баромад намуда, муовинони раисони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, инчунин шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Роғун, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Варзоб, Рӯдакӣ ва Файзобод ба музокира баромаданд.

Директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М. Ғуломов” оид ба татбиқи “Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ барои солҳои 2013-2017” “ ба иштирокчиёни ҷаласа ахборот дод.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе доир ба корҳои ба анҷом расида ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти шӯроҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии пойтахт ба ҳозирин ҳисобот дод.

10022017-4Инчунин ҳисоботи раисони шӯроҳои ҳамоҳангсозии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Файзобод, Варзоб ва Шаҳринав доир ба ислоҳ намудани норасоиҳо дар фаъолият ва татбиқи ҷараёни Стратегия ва Барнома шунида шуд.

Ҳамзамон Нақшаи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор дар соли 2017 баррасӣ ва тасдиқ гардид.

Дар хотимаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД