Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба натиҷаи фаъолият дар 9 моҳи соли 2015

0
1244

Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Стратегияи миллӣ мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» моҳи октябри соли ҷорӣ аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯистифодаи маводи нашъаовар оид ба фаъолият дар 9 моҳи соли 2015 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндаи Раёсати АНМН назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон, Муовини раиси Шӯро, сардори Раёсати тандурустии вилоят, котиботи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъаовари вилоят ва дигар намояндагони ташкилоту муассисаҳои ноҳия иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳо оид ба пешгирии нашъамандӣ, истеъмоли ғайритиббии он, зиёд шудани миқдори беморони нашъаманд ва гирифтани пеши роҳи ин амали номатлуб мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Қайд гардид, ки Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар вилоят ва маҳалҳо дар самти мухталиф корро ташкил намуда, яке аз самтҳои асосии фаъолияти онҳо гузаронидани чорабиниҳои пешгирии нашъамандӣ дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ мебошад. Аз тарафи кормандони РАНМН дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо аъзоёни Шӯрои вилоят зиёда аз 220 вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимӣ, коллеҷу донишгоҳҳо ва чорабиниҳои оммавӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ гузаронида шуд.

Дар охир иштирокчиёни ҷаласа таклифу дархостҳои худро пешниҳод намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД