Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар вилояти Суғд

0
1728

DSC05116Тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020дар Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои ҳамоҳансозӣ, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Р.М. ҷаласаи Шӯрои вилоятии ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзоёни Шӯрои вилоятӣ, роҳбарони Шӯроҳои маҳаллии шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва намояндагони васоити ахбори умум ширкат варзиданд.

Дар ҷаласаи мазкур оид ба масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ, истеъмоли ғайритиббии он, зиёд шудани шумораи беморони нашъаманд ва гирифтани пеши роҳи ин амали номатлуб мавриди муҳокима қарор гирифт.

Қайд гардид, ки фаъолияти Шӯроҳои маҳаллӣ дар бархе аз шаҳру навоҳии вилоят, амсоли шаҳру навоҳии Гулистон, Бӯстон ва Мастчоҳ хуб ба роҳ монда нашудааст, биноан дастур дода шуд, аз ҳисоби аъзоёни Шӯрои вилоятӣ гурӯҳи корӣ созмон дода шуда, фаъолияти онҳо мавриди санҷиши ҷиддӣ қарор дода шавад.

Хотирнишон шуд, ки муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва афзоиши шумораи нашъамандон дар вилояти Суғд ба яке аз мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтааст, ки ба иқтисодиёт зарари калон расонида, ба саломатии аҳолӣ таҳдид менамояд.

Дар рафти ҷаласа таъкид гардид, ки мубориза бо нашъамандию нашъаҷалобӣ танҳо вазифаи сохторҳои қудратӣ набуда, балки вазифаи ҳамагон, алалхусус роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, мақомот, ташкилот, корхонаю идораҳо ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ ба шумор меравад.

Дар анҷоми ҷаласаи Шӯрои вилоятии пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор бо баҳогузорӣ ба фаъолияти Шӯрои вилоятӣ ва Шӯроҳои маҳаллӣ, вазифагузориҳо ба нимсолаи аввали соли ҷорӣ ва тасдиқи нақшаи фаъолияти Шӯрои вилоятӣ дар соли 2017 ба кори худ хотима бахшид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД