Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар вилояти Хатлон

0
1790

Тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” дар толори хурди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суйистеъмоли маводи нашъадори вилоят баргузор гардид. Дар кори ҷаласаи мазкур Раиси Шӯрои ҳамоҳангсоз, муовини раиси вилоят Хидирзода М., Муовини раиси Шӯро, сардори Раёсати АНМН-и назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон Хайруллозода М. ва дигар аъзоёну котиботи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суйистеъмоли маводи нашъадори вилоят, инчунин Раисони Шӯрои ҳамоҳангсозии шаҳрҳои Қурғонтеппа, Сарбанд, ноҳияҳои Дустӣ ва Ёвон гузаронида шуд.


Дар ҷаласаи мазкур оид ба масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ, истеъмоли ғайритиббии он, зиёд шудани шумораи беморони нашъаманд ва гирифтани пеши роҳи ин амали номатлуб мавриди муҳокима қарор гирифт.

Инчунин қайд гардид, ки муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва афзоиши шумораи нашъамандон дар вилояти Хатлон ба яке аз мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтааст, ки ба иқтисодиёт зарари калон расонида, ба саломатии аҳолӣ таҳдид менамояд.

Дар рафти ҷаласа таъкид гардид, ки мубориза бо нашъамандию нашъаҷалобӣ танҳо вазифаи сохторҳои қудратӣ набуда, балки вазифаи ҳамагон, алалхусус роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, мақомот, ташкилот, корхонаю идораҳо ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ ба шумор меравад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД