Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии вилоятӣ дар ноҳияи Мурғоб

0
1435

Дар доираи Нақшаи чорабиноҳо ҷиҳати татбиқи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши гайриқонунии маводи нашъаовар дар ҶТ барои солҳои 2013-2020, бо ташаббуси Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ 19 ноябри соли 2015 дар ноҳияи Мурғоб ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии вилоятӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъаовар гузаронида шуд.

Дар кори ҷаласаи мазкур аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозии вилоятӣ, роҳбарон ва намояндагони идораю мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, маориф ва илм, ҷавонон, ВАО ва дигар намояндагони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Мурғоб иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои татбиқи Стратегияи миллӣ, ҳолати корҳо дар самти пешгирии нашъамандӣ, чораҳои андешида барои зиёд нашудани беморони нашъаманд ва пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъаовар, мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз ҷумла, дар рафти ҷаласа таъкид гардид, ки 6 сокини ноҳия ҳамчун беморони нашъаманд ба қайди Хадамоти наркологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ гирифта шудаанд.

Ҳамчунин, доир ба натиҷаҳои санҷиши анҷомдодаи кормандони Раёсати Агентӣ дар ВМКБ дар беморхонаи марказӣ, инчунин дорухонаҳои ноҳияи Мурғоб доир ба нигоҳдорӣ, истифода ва фурӯши дорувориҳое, ки дар таркибашон маводи нашъадор ва моддаҳои психотропӣ доранд ва таҳти назорати давлатӣ ҳастанд, муҳокимаронӣ намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД