Ҷаласаи Паймони Париж

0
1639

1-2 декабри соли 2016 дар шаҳри Гаагаи Шоҳигарии Нидерланд ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносони Паймони Париж оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии прекурсорҳо доир гардид. Дар кори ҷаласаи гурӯҳи кории мазкур намояндагони кишварҳои Аврупо, Осиё, Америкаи Шимолӣ, инчунин намояндагони як қатор созмонҳо байналмилалӣ, аз ҷумл Европол, Раёсати СММ оид ба маводи мухадир ва ҷинояткорӣ инчунин намояндаи Агенти назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзидандДар ҷаласа масъалаҳои қоҷоқи моддаҳои химиявӣ-прекурсорҳо, ки дар истеҳсоли ғайриқонуни героин истифода мегарданд, инчунин хатсайрҳо ва тамоили болоравии муомилот ғайриқонунии прекурсорҳо, тафтишоти байналмилалӣ дар соҳаи гардиши ғайриқонуни прекурсорҳо, пешгирии ихроҷи прекурсори ангидриди кислотаи уксус ба роҳҳо ғайриқонун ва табодули ахбороти оперативӣ дар ин самт баррасӣ гардиданд Дар интиҳои ҷаласа гурӯҳ кории мазкур ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудрати минтақа доир ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии прекурсорҳо, хусусан ангидриди кислота уксус, инчунин назорати муомилоти қонунии онҳо тавсияҳо қабул гардиданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД