Ҷаласаи ситоди кории амалиёти «Кӯкнор-2016» дар вилояти Суғд

0
1726

Дар Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тибқи қарори Раиси вилоят аз 13 майи соли 2016 таҳти раёсати роҳбари ситоди кории вилоятӣ, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо ҷаласаи нахустин баргузор гардид.


Дар кори ҷаласа раёсат ва аъзои кории ситоди вилоятӣ, раисони ситодҳои маҳаллии шаҳру навоҳии вилоят ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Нахуст нақшаи ситоди кории амалиёти «Кӯкнор-2016» тасдиқ карда шуда, баъдан роҳбари ситоди корӣ дар суханронии худ баён дошт, ки амалиёти саросарии «Кӯкнор», ки ҳамасола дар ду марҳала ҷараён мегирад, бо мақсади бастани масири қочоқи маводи мухаддир ва пешгирии муомилоти ғайриқонунии он ошкор ва нобуд сохтани растаниҳои дорои маводи нашъадори ғайриқонунӣ ва худрӯй роҳандозӣ карда мешавад.

Баъдан муовини роҳбари ситоди кории вилоятии «Кӯкнор-2016», сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба дастовардҳои хизматии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят дар ду марҳалаи амалиёти «Кӯкнор-2015» гузориш дода, қайд намуд, ки дар давраи мазкур маҷмӯан аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 198 кг навъҳои мухталифи маводи мухаддир мусодира шудаанд, ки 11 кг 467 грами онро маводи сахттаъсири навъи героин ташкил медиҳад.

Дар ин давра аз тарафи сохторҳои давлатии вилоят 104 ҳодисаи сабзиши бангдонаи худрӯй ошкор карда шуда, зиёда аз 1 миллиону 194 ҳазор бех ин навъи растанӣ бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шудааст.

Ҳамчунин зикр шуд, ки аз тарафи Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҷараёни амалиёти «Кӯкнор-2015» аз муомилоти ғайриқонунӣ 30 кг 949 грамм навъҳои гуногуни мухаддирот мусодира шудааст, ки 8 кг 657 граммашро маводи нашъаовари навъи героин ташкил медиҳад.

Ҷаласа бо муҳокимарониҳои иштирокчиён ва таклифу пешниҳодот баҳри самарабахш баргузор кардани марҳалаҳои амалиёти «Кӯкнор-2016» ба хотима расид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД