Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти “Кӯкнор-2017”

0
1721

Бо мақсади ошкор ва нобуд сохтани растаниҳои нашъадори худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин гузаронидани чорабиниҳои маҷмӯии таблиғотӣ-пешгирикунанда дар байни табақаҳои мухталиф дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳамасола амалиёти “Кӯкнор” гузаронида мешавад.
Ҷиҳати амалӣ сохтани дастури Роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №6125 аз 29 апрели соли 2017 санаи 15 майи соли ҷорӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, роҳбари Ситоди ҷумҳуриявӣ Зафар Самад ҷаласаи якуми Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти “Кӯкнор-2017” баргузор гардид, ки фаъолияти нерӯҳо ва воситаҳои дар амалиёт сафарбаршудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро роҳбарӣ ва ҳамоҳанг мекунад.
Дар ҷаласа намояндагони Дастгоҳи иҷроияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохтоҳои қудратӣ, дигар вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуда, дар кори он масъалаҳои ташкилӣ оид ба гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2017”, инчунин ҳамкории вазорату идораҳои дахлдорро баррасӣ намуданд. Дар асоси таклифу пешниҳодҳои иштирокчиёни ҷаласа Нақшаи чорабиниҳои асосии ташкилӣ ва амалии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2017” тасдиқ гардид.
Иштирокчиёни ҷаласа ба масъалаҳои гузоштани дидбонгоҳҳои доимӣ ва сайёр дар масирҳои асосии интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ва созмон додани гурӯҳҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ диққати махсус доданд.
Барои ташкили кор, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти воҳидҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар маҳалҳо дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ситоди кории амалиёти “Кӯкнор-2017” ташкил карда мешаванд.
Амалиёти “Кӯкнор” дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила – аз 20 май то 30 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябр гузаронида мешавад.
16052017-2

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД