Ҷаласаи ситод оид ба гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2016»

0
1548

Ба мақсади амалӣ намудани “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва мутобиқи Фармоиши Роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 майи соли 2016 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Директори Агентӣ, роҳбари Ситоди ҷумҳуриявӣ полковник Зафар Самад ҷаласаи якуми Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти “Кӯкнор-2016” баргузор гардид.


Дар ҷаласа масъалаҳои ташкилӣ оид ба гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2016”, инчунин ҳамкории вазорату идораҳои дахлдор баррасӣ гардиданд.

Нақшаи чорабиниҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2016 тасдиқ гардид, ки ба он самтҳои асосӣ дохил мешаванд:

– ташкили ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади коркарди амалҳои якҷоя оид ба пешгирии самтҳои интиқол, истеҳсол ва фурӯши воситаҳои нашъадор;

– ҷамъбасти иттилоот дар бораи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари пайдоиши растанӣ дошта, муайян намудани мавзеъҳои гузаронидани амалиёт;

– таъмини назорат аз болои иҷроиши амрномаҳо;

– ошкор ва нобуд сохтани майдонҳои бангдонаҳои худрӯй;

-ташкил ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ.

Дар кори ҷаласа намояндагони Шӯрои амнияти ҶТ, ВКД, КДАМ Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки барои амалӣ намудан, назорат ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ дар ш. Душанбе, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ситодҳои корӣ ташкил гардидаанд.

Амалиёти «Кӯкнор» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар ду марҳила – аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябр гузаронида мешавад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД