Ҷаласаи АҚТ дар Қирғизистон

0
2436

 

Дар мавзеи Иссиқ-Кӯли Ҷумҳурии Қирғизистон 4-умин мулоқоти роҳбарони ниҳодҳои зиддимухаддиротӣ дар чаҳорчӯби “Ташаббуси АҚТ” (Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон) ва 5-умин ҷаласаи Кумитаи аршади Барномаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он баргузор гарлдид, ки дар кори онҳо муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Муртазо Ҳайдарзода иштирок намуд.


Зимни баргузории ҷаласаҳо масъалаҳои вобаста ба кӯшишҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои аъзои АҚТ дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҳамкории ҳуқуқӣ барои ҳалли масъалаҳои пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар муҳокима гардиданд. Натиҷаҳои асосии Барномаи минтақавӣ баррасӣ гардида, масъалаҳои васеъ намудани иқтидори минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар дар чорчӯбаи Барномаи минтақавӣ таҳти муҳокима қарор гирифтанд

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД