Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ…

0
728

 Рустании кукнор. Он аз оилаи гулҳои “Лолахасак”. Рангаш арғувонӣ ва нилуфар. Ниҳоят зебову беназир. Ҳамзамон мафтункунандаву ҷаззоб.

Аз қадим то ба имрӯз нашъаи ин гули мадҳушкунанда тавонистааст, ба шуури инсонҳо таъсири манфӣ расонда, то бар талафи молу ҷон барад. Пас чи асрорест дар ин гул? Кист он кашшоф ва кимёгари он?

Кофтуковҳои археологӣ нишон медиҳанд, ки нахуст донаи кӯкнор дар боқимондаи маводи озуқавории одамони асри санг бозёфт шудааст, ҳамчунин дар сутунпояҳои замони неолит дар ҳудуди Швейтсарияи имрӯза рустании хушки кӯкнор ва тухми онро пайдо кардаанд. Як зумра донишмандон кукнорро рустании бостонӣ мешуморанд, ки кишти онро қабл аз ҳазорсолаҳо ба роҳ мондаанд. Тибқи маълумоти пажуҳишгарон рустании мазкурро дар асрҳои IV-III пеш аз мелод кишт менамуданд. Нахуст римиҳои қадим онро ҳамчун маводи оромбахш истеъмол мекарданд. Истифодаи он асрҳои баъдина дар минтақаи Шарқи Наздик ва Миёна, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ паҳн гардид. Дар интиҳои асри XIX чиниҳо дар ҷанги алайҳи Ҷопон мағлуб шуданд ва яке аз сабабҳояш пайваста дар ҳолати сархушӣ будани аскарон аз афюн буд.

Дар Аврупо авҷи шадиди ин ҷараён ба асрҳои XVI мутобиқ меояд. Ба он мамолике, ки афюн ворид мешуд, ба неруи кории аҳолӣ ва сарбозон костагӣ меовард, давлатдорон воридшавии маводи нашъаоварро манъ карданд. Ва ин боиси сар задани ҷангҳои афюнӣ миёни аксари кишварҳои истеҳсолкунанда гардид.

Асрҳои XIX ва XX аксари мардуми тоҷик низ афюнро ба хотири рафъи дардҳои шадид истифода мебурданд. Сабаби ин ноогоҳӣ аз оқибати истеъмоли маводи мазкур буд.

Тайи чанд даҳсолаҳост, ки рустании мазкурро дар чор нуқоти олам Афғонистон, Осиёи ҷанубу шарқӣ, Амрикои ҷанубӣ ва Мексика  ғайриқонунӣ кишт мекунанд.

Дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бошад, қашшоқӣ, ҷангу норомииҳои кишвар сабаби асосии кишти рустании кукнор ва бангдонаро ба миён овардааст. Кишоварзони афғон ба хотири даромади бештар замини корами худро ба киштзорҳои афюнӣ табдил дода, дигар фаромӯш карданд, ки аҳкоми исломӣ маводи масткунанда ва истеъмолу истеҳсоли онро манъ кардааст.

Охирҳои асри XIX- ширкати дорусозии олмонии “Байер” доруеро бо номи диасетил-марфин барои табобат ва пешгирӣ аз шамолхӯрӣ ва сулфа ихтироъ намуд. Номи аслии дору “Героин” яъне “Герой” “Боқувват” “Қаҳрамон” унвон шуд. “Героин” дар қатори дигар доруҳо дар дорухонаҳо ба таври озод мавриди фурӯш қарор гирифт. Аммо баъд аз он ки аз истеъмоли он ашхоси зиёд ба вобастагӣ гирифтор гардид, давлатдорон истеҳсол ва фурӯши онро манъ намуданд. Аммо доруи мазкур ба гардиши ғайриқонунӣ ва бозори сиёҳ роҳ ёфт.

Бо арзёбии воқеъбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешгирӣ ва таҳдиди мухаддирот аз Афғонистон ба Тоҷикистон якчанд ташаббуси зидди маводи нашъаовар пешниҳод гардид, ки яке аз онҳо таъсиси Эътилофи зидди маводи нашъаовар мебошад. Тоҷикистон Конвенсияҳои зидди маводи нашъаовари СММ – ро аз солҳои 1961, 1971 ва 1988 ба тасвиб расонид.

Тоҷикистон аз мушкилоти истеъмоли маводи нашъадор ва масъалаи интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори нигаронӣ намуда, барои ба эътидол овардани вазъи нашъамандӣ, бастани роҳҳои қочоқи маводи мухаддир, коҳиши сатҳи муомилоти ғайриқонунӣ ва сӯистифода аз мухаддиротро таҳия намудааст.

Бо ташшабуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии СММ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин созмони бонуфуз 27-апрели соли 1999 дар шаҳри Вена, протокол ба тасвиб расида, дар асоси он 1- июни соли 1999 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти махсусгардонидашудаи зиддимухадиротӣ – Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба зиммаи он бевосита вазифаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, пешгирии нашъамандӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти дигар сохторҳои дахлдор дар ин самт вогузор карда шуд.

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дуруст ва ҳамаҷониба ба роҳ монда, дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Аз соли 2000 то ба имрӯз Агентӣ аз гардиши ғайриқонунӣ 17174,337 кг маводи нашъаоварро мусодира намудааст, ки пушти ин рақамҳо ҳаёти милионҳо аҳолии башар аз мубталоии нашъамандӣ наҷот ёфтааст.

Дар ин раванд теъдоди мубталоён аз бемории нашъамандӣ рӯ ба коҳиш овардааст. Мисоли ин гуфтаҳо нишондоди омории пешниҳоднамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар соли 2008 шумораи мубталоён дар ҷумҳурӣ 8645 нафарро ташкил медод ва ин шумора то соли 2018 ба 6888 нафар коҳиш ёфтааст.

Мутассифона, дар аксар маврид қочоқчиён ғайриқонунӣ, тавассути пайроҳаҳои касногузари кӯҳӣ, тариқи дарёи Панҷ, новобаста ба омилҳои мушкили табии ва иқлимӣ, ба сарҳадшиканӣ роҳ дода, маводи мухаддирро то ба кишварҳои дигари ҷаҳон мерасонанд. Ин гуна вазъият боиси ба маводи мухаддир дастрасӣ пайдо намудани аҳолии зиёди чаҳон гашта, ба ҷалби шаҳрвандони кишварҳои интиқолшаванда, аз ҷумла ҷавонон ва тиҷорати ҷиноии нашъа мусоидат мекунад.

Бинобар ин, бо вуҷуди дастовардҳои зиёди хизматӣ, имрӯзҳо Агентиро боз иҷрои корҳои зиёде дар пеш аст, ки аз сифату натиҷанокии он солимии миллат ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз ва аксари кишварҳои ҷаҳон вобастагии калон дорад.

Дар қатори мушкилиҳои зиёде, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонии моро фарогир аст, нашъамандӣ яке аз мушкилиҳои асосӣ ба шумор меравад, ки ба солимии аҳолӣ ва амнияти миллӣ хатар эҷод мекунад.

Ӯҳдадориҳое, ки Агентӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ бар дӯш дорад, фаъолиятро оид ба муносибати манфии ҷомеа ба истеъмоли маводи мухаддир ва коҳиш додани талабот ба маводи нашъаоварро амалӣ мегардонад.

Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди солимфикр бояд бар зидди ин мушкилӣ мубориза барад.

Дар  ҳар як офаридаи табиат паҳлӯҳои мусбӣ ва манфие нуҳуфтааст. Кӯкнор  ҳам дар навбати худ як гули муқарарист. Аз ин рустанӣ дар  саноати сохтмонӣ равғани серғизо, ҳамчунин аз рустаниҳои дигари нашъаовар, нах ва қоғази хушсифат истеҳсол  намудан мумкин буд.

Аммо чаро, ки мо як гули муаттару хушрангро на ба фоидаи башарият, балки истеҳсол ва истифодаи онро аз ҷиҳати манфӣ, яъне бар зарари кулли одамият равона кардаем?Абдуллозода Озода,
корманди Агентии назорати маводи нашъаовари
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД