Шабонарӯзи гузашта ду нафар бо маводи нашъаовар дастгир гардиданд

0
1210

Шабонарӯзи гузашта кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд маълумоти оперативӣ гирифтанд, ки сокини 19-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар қаламрави шаҳри Хуҷанд бо паҳн намудани маводи нашъаовар машғул аст.

Хонаи истиқоматии гумонбаршуда бо истифода аз сагҳои хизматӣ кофтуков карда шуд ва саг бехато ҷои пинҳон намудаи маводи нашъаоварро дар дохили қуттии таҷҳизоти техникӣ муайян намуд. Кормандони оперативӣ аз он ҷо бастаро бо маводи қаҳваранг мусодира намуданд.

Тавре экспертизаи Агентӣ муайян намуд, маводи мусодирашуда героин мебошад.

Ғайр аз ин, кормандони Шӯъбаи байниноҳиявии гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоби Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон дар қаламрави Кӯлоб сокини маҳаллиро дастгир намуданд ва ба шӯъбаи ноҳия оварданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз кисаи номбурда кормандони оперативӣ бастаи селофанӣ, ки дар дохилаш 2 брикети ҳашиш буд, мусодира намуданд.

Аз рӯи ҳар ду ҳодиса аз тарафи Шӯъбаи тафтишоти Агентӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД