Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва боғи интенсивии кооперативи тиҷоратии «Шаҳристон»

0
667

24.06.2018 10:48, ноҳияи Шаҳристон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан карда, бо фаъолияти кишоварзон дар кооперативи тиҷоратии «Шаҳристон», бунёди боғи интенсивӣ дар хоҷагӣ аз наздик шинос шуда, бо масъулину мутахассисони соҳа, кишоварзон, боғдорон, олимон ва иҷоракорону саҳмдорон суҳбат намуданд.

Бо татбиқи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти тараққии соҳаи кишоварзӣ баҳри расидан ба ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар корҳои зиёд амалӣ гардида, солҳои охир ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба маротиб афзоиш ёфтааст.

Рушди боғу токпарварӣ, афзун намудани истеҳсоли мева аз самтҳои муҳими пешрафти соҳаи кишоварзӣ буда, дар ин ҷода Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар ҶТ барои солҳои 2010-2014» заминаи воқеӣ гузошт ва дар ин давра дар майдони 50 ҳазор гектар боғу токзор бунёд гардида буд.

Бо мақсади идома бахшидан ба ин раванд Ҳукумати ҷумҳурӣ Барномаи нави рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020-ро қабул намуд, ки тибқи он дар кишвар бунёди 20 ҳазор гектар боғу токзори нав пешбинӣ шудааст.

Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷорӣ намудани усулҳои пешрафта, технологияи нав, бунёди боғҳои интенсивӣ аз самти муҳими фаъолияти боғу токдорон гардида, аз роҳу омилҳои афзун намудани меваю ангур мебошад.

Дар ин самт дар вилояти Суғд корҳои назаррас оғоз шудаанд ва иқдоми аҳли кооперативи тиҷоратии «Шаҳристон» шоиста арзёбӣ гардид.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки ин иқдоми аҳли хоҷагӣ намунаи татбиқи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти истифодаи оқилонаи обу замин ва бо усули замонавӣ афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва таҳкими иқтидори содиротӣ аст.

Боғи интенсивӣ дар замини ҷойи боғи дарахтони бисёрсола бунёд гардидааст. Пешвои миллат кишоварзону боғдорони ноҳияи Шаҳристонро ҳидоят намуданд, ки масоҳати боғҳои интенсивӣ, хусусан боғҳои себу нокро зиёд кунанд. Зеро обу иқлими минтақа ба боғҳои истеҳсоли ин меваҳо мутобиқ буда, аҳли ноҳия дар ин соҳа таҷриба доранд ва барои оянда, бо истифодаи усулҳои пешрафта, бо мақсади истифодаи оқилонаи обу замин бунёди боғҳои интенсивӣ роҳу усули зиёд кардани даромаднокӣ ва таъмини талаботи бозори дохилию афзун намудани истеҳсоли меваҳои дорои сифату стандарти ҷаҳонӣ, аз нигоҳи экологӣ тозаи содиротист.

Сарвари давлат ба боғдорони хоҷагӣ маслиҳат доданд, ки ҳамаи талаботи агротехникиро сари вақт, мутобиқ ба меъёрҳо бо истифодаи таҷрибаи мавҷуда, машварату тавсияи олимон иҷро кунанд ва риоя намоянд. Ин асоси муваффақ шудан дар ҷорӣ намудани усули бунёди боғи интенсивӣ ва минбаъд афзун намудани ин технология дар ноҳия мебошад.

Яке аз талаботи асосии ҳосилнокии баланду меваи хушсифати боғи интенсивӣ коркарди агротехникӣ аст. Дар коркарду ба шаклдарорӣ боғи интенсивӣ афзалият дорад. Зеро дарахтони боғ баланд намешаванд, коркарди байни ниҳолҳо бо истифодаи тракторҳо, плуг, чизел, култиваторҳо, дорупошакҳо осон, нармкунию чизели замини боғ наздик ба ниҳолҳо-дарахтон сурат мегирад.

Таҷриба ва асоси илмӣ собит намудаанд, ки боғи интенсивӣ ҳосилнокии баланд дорад. Ин ба шумораи дарахтон дар 1 гектар ва ҳосили ҳар як бех дарахти мевагӣ вобаста аст. Ниҳолҳои боғи интенсивӣ дар соли 2-юм ба ҳосил медароянд ва дар соли 3-юму 4-ум ва минбаъда ҳаҷми ҳосил зиёд мешавад.Ҳосили меъёрии як гектар боғи интенсивӣ то 50-60 тоннаи меъёрӣ аст.

Бо ҳамин ҳосилнокӣ боғи интенсивӣ то 25 сол дар шароити иқлими Тоҷикистон дар ҳар мавсим ҳосили меъёрӣ медиҳад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД