Маърӯзаи Кумитаи байналмилалии назорати маводи нашъаовар барои соли 2014 нашр гардид

0
1245

Моҳи марти соли 2015 маърӯзаи солонаи Кумитаи байналмилалии назорати маводи нашъаовар барои соли 2014 нашр гардид, ки дар он омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии вобаста бо истифода ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар таҳлил карда мешаванд. Дар маърӯза масъалаҳои андешидани чораҳо оид ба коҳиши талабот ба маводи нашъаовари манъгардида ва ташкили табобат вобаста бо сӯйистеъмоли маводи нашъадор, инчунин истифодаи воситаҳои доруворӣ, ки дар таркибашон маводи нашъаовар мавҷуд аст, маводи нави психоактивӣ баррасӣ мегардад.

Дар маърӯза мисолҳои мушаххаси сӯйистеъмол аз героин, каннабис, ба расмият даровардани каннабис барои истифода бурдан бо мақсадҳои тиббӣ ё ғайритиббӣ дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка, паҳн намудани нумӯяи (стимулятори) қатори амфетамин, суйистифода аз дорувории фармасевтӣ дар Осиёи Ҷанубӣ, афзоиши ҳаҷми муомилоти героини истеҳсоли афғонӣ, мавҷудият ва дастрасии маоди нашъаовари гурғҳи афюнӣ барои бедард кардан дар Осиёи Ҷанубӣ таҳлил гардидаанд.

Муаллифони маърӯза масъалаҳои иваз намудани героин бо маводи нашъаовари синтетикии гуруҳи афюнӣ дар Аврупои Ғарбӣ ва Марказӣ, афзоиши миқдори беморони ВНМО дар шахсоне, ки маводи нашъаоварро ба таври тазриқӣ истифода мебаранд, барқароршавии хатсайри Балкании интиқоли маводи нашъадор, зиёдшавии истеҳсоли ғайриқонунии каннабис, паҳншавии маводи нави психоактивӣ таҳлил намудаанд.

 

Маълумот: Кумитаи байналмилалии назорати маводи нашъаовар мақоми мустақил оид ба назорати иҷроиши конвенсияҳои СММ оид ба назорати байналмилалии маводи нашъаовар мебошад. Он соли 1968 мутобиқи Ковенисяи ягона оид ба воситаҳои нашъадори соли 1961 созмон дода шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД